Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     

     

    РЕЗА-АХБОР

    08 июни соли 2016, чоршанбе,

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии

    «Насли ҷавони Тоҷикистон»

    (ТҶҶ «НҶТ»)

     

    Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарнавиштсози чандин ташаббусҳои самарабахши глобалӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва шароитҳои хуби беҳдоштӣ мебошад. Яке аз ин ҳадафҳо ин эълони Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» аст. Чуноне, ки Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар давоми солҳои 2005-2015 қайд карданд:

    «Дар ин давра дар кишвари мо якуним миллион одам шароити беҳтари дастрасӣ ба оби нӯшокиро пайдо кард».

    Маъмул аст, ки ин иқдомҳои Ҳукумати ҶТ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои марбутаи Рушди Ҳазорсола (ду баробар кам кардани теъдоди одамоне, ки ба оби безарари нӯшокӣ ва воситаҳои асосии санитарӣ дастрасӣ доранд) равона карда шудаанд.

    Барои дастгири кардани корҳои созандаи Ҳукумати ҶТ ва Шарикони раванди рушд ТҶҶ «НҶТ» дар чор мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои «Найдара» ва «Зардолу»-и ноҳияи Ваҳдат ва деҳаҳои «Тошбек» ва «Вогати»  шаҳри Истаравшани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати маҷмӯи обтаъминкунӣ ва шароити нигоҳдории оби ошомиданӣ беҳтар гардонида шуда, иншоотҳои санитарӣ (экосан-ҳоҷатхонаҳо) ва гармхонаҳои офтобӣ сохтаву ба истифода дода шуданд.

    Сохтмони иншоотҳои номбаршуда дар доираи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена дар мактабҳо ва тавассути мактабҳо», ки аз тарафи ТҶҶ «НҶТ» аз моҳи сентябри соли 2014 то ба имрӯз, бо маблағгузории Ташкилоти байналмилалии «Ғизо барои ҷаҳон» амалӣ мешавад, муҳайе гардидаст.  

     

    Мақсади лоиҳа аз паст кардани сатҳи паҳншавии касалиҳои сирояткунанда дар байни кӯдакон ва наврасони то 14 сола, ки бо сабаби набудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати қаноатбахши санитарӣ-гигиенӣ дар Вахдат ва Истаравшани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ меоянд,  иборат мебошад.

    Суратхо. 

     

    Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

    Идораи асосӣ:

    734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, утоқи 7,

    тел.: (+992) 446206146, 378807572, 446205921, 378817572;

    Намояндагӣ дар ш.Хуҷанд:

    735708, ҶТ, вилояти Суғд, ш.Хуҷанд, квартали Бофанда, кӯчаи Текстилшиков,

    тел.: (+992) 3422 41212, 927748613

    info@ygt.tj|www.ygt.tj 

     

     

     

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 1000017
    Сейчас 68 гостей онлайн