Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

                                                                                                                                                                 

     

                                           

     РЕЗА  АХБОР

    18 октябри соли 2016 , сешанбе

    Ташкилоти ҷамъиятии Ҷумҳуриявии 

    «Насли ҷавони Тоҷикистон»(ТҶҶ «НҶТ»),

    Алянси шарқӣ барои нақлиёти бехавф ва устувор

    (АШНБУ)

     

    Мавзуи рӯз: таъмини бехатарии ҳаракат дар деҳаҳои  Тоҷикистон

    14-уми октябри соли 2016, дар толори конфронсии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (РБДА ВКД ҶТ), оид ба масъалаҳои «Бехатарии ҳаракат дар роҳҳои  деҳаҳои Тоҷикистон», дар мисоли натиҷаҳои бадастомада аз рӯи қисматҳои  «Деҳаҳои бехавф»  ва «Амалиёти иттилоотӣ оид ба паст кардани суръати ҳаракат дар роҳ, дар байни ронандагони ҷавони ш.Панҷакент» дар доираи лоиҳаи «Беҳдошти (роҳи Айни - сарҳади Ӯзбекистон)- амалигардонии тренингҳо ва иқдом оид ба бехатарии ҳаракат дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент ва манфиатҳо барои аҳолии маҳаллӣ»,   семинар/мизи мудаввар баргузор гардид. Қисматҳои мазкур дар ҳамкории ТҶҶ «НҶТ» ва АШНБУ дар ҳамшарикӣ бо Раёсати БДА ВКД ҶТ ва дастгирии Вазорати нақлиёти ҶТ ва Кокс Консалтинг аз ҳисоби Гранти БОР G0301-TAJ: Хамкории Иқтисодии Минтақавии Осиёи марказӣ, долони 6, амалӣ гашта истодааст. Дар семинари мазкур 27 нафар иштирок намуданд.

     

    Натиҷаҳои асосии бадастомада:

    · Оид ба таблиғи риояи Қоидаҳои ҳаракит дар роҳ (ҚҲР)  дар байни 194 нафар ронадагони тракторҳо, деҳқонон ва фаъолони ҷамоатҳо, вохӯриҳо доир карда шуд;

    ·  Дар иқдоми иттилоотӣ оид ба паст намудани суръати ҳаракат дар ш.Панҷакент зиёда аз 1500 нафар ронандагони ҷавон ҷалб карда шуданд;

    · Бо иштироки 600 нафар намояндагони аҳолии таҳҷоии ш.Панҷакент, оид ба риоя намудани меъёри суръатнокӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд;

    · Дар асоси «Лифофаҳои таълимӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ»-и АШНБУ дар мактабҳо бо иштироки 110 нафар омӯзгорон, хонандагон ва волидайн семинар гузаронида шуд:

    · Ба 5 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ 55 адад маводҳои таълимӣ тақсим карда шуданд;

    · Ба 7000 баҳрагирандагон варақаҳои иттилоотӣ ва постерҳо оид ба ҚҲР тақсим карда шуданд

    · Се адад овезаҳои калони иттилоотӣ, гузошта шуданд ки ронандагонро  оид ба риояи реҷаи суръатнокӣ дар назди мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ ва маҳалли аҳолинишин хушдор медиҳад.

    · Барои шабонгоҳ намоён будани пиёдагардон ва чорво дар роҳ 1500 адад ҷиҳози ҷилодиҳанда, аз қабили (чароғчаҳои (фонарик) махсус, камзулчаҳо, лавҳача барои тракторҳо ва гарданбанди ҷилодиҳанда барои чорво) тақсим карда мешаванд.  

     

    Иҳотаи ҷурғофӣ: шаҳр ва ноҳияи Панҷакент (Ғусар, Навобод, Сӯҷина, Сӯфиён) ва ноҳияи Айнӣ (Дар-Дар)

    Давомнлкии лоиҳа: 4 моҳ (июл-октябри 2016)

     

    Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

    734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, ут. 7,

                             тел.: +992 37 8807572, +992 37 8817572, +992 44 6205921; +992 44 6206146

     

    info@ygt.tj|www.ygt.tj

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 1155371
    Сейчас 39 гостей онлайн