Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

    Эълон

    Э Ъ Л О Н

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон»

    барои ишғоли ҷойи холии корӣ озмун эълон мекунад.

     

    Шумора:

    1 номзад

     

    Вазифа:

    ҳамоҳангсоз доир ба робита бо муассисаҳои таълимӣ

     

    Санаи анҷоми озмун:

    то 30 апрели с.2017

     

    Мавзеъ:

    ш.Душанбе 

     

    Реҷаи кор:

    рӯзи кории пурра

     

    Давомнокии шартнома:

    то охири моҳи марти с.2018 (бо имконияти тамдид дар солҳои оянда)

     

    Ҳисоботдиҳӣ:

    ба Менеҷери лоиҳаҳо

     

     

     

    Маълумот оиди ташкилот:

     

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» (ТҶ «НҶТ») тӯли 10 сол аст, ки дар соҳаи ҳифз ва рушди саломатии кӯдакону ҷавонон фаъолият мебарад.

     

    Фаъолияти ташкилот аз самтҳои зерин иборат мебошад:

    -                     ба ҷавонон омӯзонидани малакаҳои ҳаётӣ барои беҳдошти саломатӣ;

    -                     иштироки ҷавонон дар раванди қабули қарорҳои ба беҳдошти саломатии онҳо дахлдор;

    -                     васеъ намудани дастрасии ҷавонони осебпазир ба хизматрасониҳои хайрхоҳонаи тиббӣ;

    -                     пешгирии истеъмоли маводи нашъадор, сироятшавӣ ба ВНМО/БПНМ ва сил;

    -                     обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена дар мактабҳо ва тавассути мактабҳо;

    -                     пешгирии ҷароҳатбардорӣ ва фавти кӯдакону ҷавонон дар роҳ;

    -                     идоракунии Котиботи Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон;

    -                     идоракунии Котиботи Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил» дар Тоҷикистон

     

    Маълумот оиди фаъолияи ташкилот дар самти таъмини бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ:

     

    Яке аз самтҳои фаъоли ТҶ «НҶТ» ин мусоидат дар тарғибу ташвиқи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мусоидат ба таъмини бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ, ҳодисаҳои роҳу нақлиетӣ, ҳолатҳои сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулодаву маишӣ бо мақсади паст кардани сатҳи маҷрӯҳшавию фавти кӯдакону ҷавонон ба ҳисоб меравад.

     

    Доир ба амали намудани самти марбут, ташкилот барои ишғоли вазифаи «Ҳамоҳангсоз доир ба робита бо муассисаҳои таълимӣ» озмун эълон менамояд.

     

    Ӯҳдадориҳои асосии Ҳамоҳангсоз, бандҳои зеринро дарбар мегиранд:

     

    Мусоидат ба муассисаҳои таълимии лоиҳавӣ доир ба омӯзонидани муллимон ва ташкили дастаи Нозирони навраси ҳаракат (ННҲ) доир ба тарғибу ташвиқи риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ:

     

    -                     Кӯмак ба ГКЛ барои муайян кардани муассисаҳои таълимии нави лоиҳавӣ;

    -                     Рушди ҳамоҳангсозӣ бо раесату шуъбаҳои маориф ва маъмурияти муассисаҳои таълимии лоиҳавӣ дар самти бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;

    -                     Муайян намудани омӯзгороне, ки барои таълими қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷалб мешаванд;

    -                     Муайян намудани хонандагони фаъол барои омода намудани онҳо ба сифати ННҲ;

    -                     Ташкил ва гузаронидани омӯзиши муаллимон барои таълими қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;

    -                     Ташкил ва гузаронидани омӯзишҳои мунтазам (тренинг) барои омода намудан ва бозомӯзии ННҲ дар муассисаҳои таълимии лоиҳавӣ.

     

    Кӯмак ба муллимон ва ННҲ доир ба тарғибу ташвиқи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар муассисаҳои таълимии лоиҳавӣ:

     

    -                     Мусоидат барои таҳия намудани «Нақшаи фаъолият»-и омӯзгорон ва дастаҳои ННҲ дар самти тарғибу ташвиқи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар байни муҳассилин;

    -                     Мусоидат барои таҳлили секарата (ҳангоми оғоз, ҷараен ва фарҷоми лоиҳа)-и сатҳи тағйиребии рафтори хонандагон ҳамчун пиедагардон ва мусофирон дар роҳ;

    -                     Дастгирӣ, роҳбаладӣ, маслиҳатдиҳӣ ва мониторинги фаъолияти ННҲ доир ба маълумотнокии хонандагон (бо дарназардошти гендер 50/50) оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;

    -                     Таъмини муассисаҳои таълимии лоиҳавӣ бо маводҳои иттилоотӣ барои ташкил ва гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ;

    -                     Тартиб додани ҳуҷҷатҳо, ҷамъоварӣ, таҳлил, муомилот ва нигоҳдории ҳуҷҷатгузории фаъолияти ННҲ (ҳисоботҳо, саволномаҳои пеш аз/баъд аз омӯзиш, суратҳо ва ғ.).

     

    Музди кор: 1500 сомонӣ (андозҳо тарҳ карда шудаанд)

     

    Барои шиносоӣ бо матни пурраи «Вазифаҳои техникӣ» ба суроғаи электронии info@ygt.tj дархост равон кунед.

     

    Номзадҳо метавонанд ҳуҷҷатҳои зеринро бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ:

    - шарҳи ҳол;

    - мактуби ҳавасманди барои ишғоли вазифа;

    - тавсиянома (на кам аз 3 тавсия)

    ба суроғаи электронии info@ygt.tj бо қайд дар мавзӯи мактуб “Барои ишғоли вазифаи Ҳамоҳангсоз” ва е ба суроғаи ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ бинои 112, утоқи №7 пешниҳод намоянд.

     

    Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои пешниҳодшуда ҷавобгӯй мебошанд барои сӯҳбат даъват карда мешаванд.

     

     

    Интересная статья? Поделись ей с другими:

    Добавить комментарий

    Комментарий не проверен


    Защитный код
    Обновить

    Просмотры материалов : 717793
    Сейчас 63 гостей онлайн