Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     

    РЕЗА АХБОР

    4 июли соли  2017,  сешанбе,

    Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор (ИШНБУ),

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон»

    (ТҶҶ «НҶТ»).

     

    НОЗИРОНИ НАВРАС, САТҲИ ДОНИШИ ҲАМСОЛОНАШОНРО
    АЗ  ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ, БАЛАНД МЕБАРДОРАНД.

      Таъмини  бехатарии ҳаракат дар роҳ  вазифаи  муҳими ҳар як шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ сабабгори фавту ҷароҳатбардории иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ  мегарданд ва ба ҷамъият зарари калони иқтисодиву иҷтимоӣ мерасонанд. Мутаасифона қисми зиёди зарардидагонро кӯдакону наврасон ва ҷавонони то синни 30 сола ташкил медиҳанд.

             Барои ҳалли масъалаҳои мазкур ТҶҶ «НҶТ», баҳри  баланд бардоштани воқифияти омӯзгорон ва хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ)  ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе оид ба  тайёр намудани гуруҳи Нозирони навраси ҳаракат (ННҲ) як қатор тренингҳо гузаронид. 

            Бо изҳори қаноатманӣ  метавон зикр намуд, ки ННҲ дар раванди таҳсилашон дар мактабҳои худ тавонистанд сессияҳои- иттилоотиро дар байни ҳамсолони худ  фаъолона гузаронанд.

           

     Аз таърихи 12 –уми май то 6- уми июни соли  ҷорӣ ННҲ- и мактабҳои озмоишӣ  (№ 24, 30, 72, 76, 78) якҷоя бо омӯзгорон- ҳамоҳангсозон  аз рӯи ақидаи «Ҳамсол ба ҳамсол» ва тарзи ҳамфаъолии таълим байни хонандагони мактабҳои худ дар алоҳидагӣ сессияҳои иттилоотӣ гузаронида хонандагонро бо уҳдадориҳои пиёдагардон, мафҳумҳои асосии ҚҲР, рафтори бехатари пиёдагардон дар роҳ, таърихи пайдоиш ва моҳияти «Чароғак»  шинос намуданд.

            Таҷриба нишон медиҳад, ки дар кӯдакони хурдсол ташаккул додани  фаҳмиш ва дарк намудани  хатарҳои потенсиалӣ ва воситаҳои нақлиёт, инчунин фаҳмонидани рафтори бехатари онҳо дар роҳ,   ҷиҳатҳои муҳим дар давраи инкишофи онҳо ба ҳисоб меравад.

           Дар  сессияҳои иттилоотӣ аз 5 мактаби озмоишӣ 600 нафар хонандагон иштирок намуданд.  

           Дар асоси саволномаи пас аз омӯзиш,   дониши иштирокчиён аз ҚҲР, аз сатҳи заминавӣ ба 18,28% баланд бардошта шуд ва 89, 7 % ташкил дод.

     

     

    Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин метавонед муроҷиат намоед:

    734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, ут. 7,

    тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 937577572 +992 37 8817572

    Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

    # # #

    Интересная статья? Поделись ей с другими:

    Добавить комментарий

    Комментарий не проверен


    Защитный код
    Обновить

    Просмотры материалов : 673005
    Сейчас 101 гостей онлайн