Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

    РЕЗА-АХБОР

    Аз моҳи августи соли 2016 НТЉ “НЉТ” лоиҳаи «Беҳтар намудани дастрасии наврасон, хусусан ҷавондухтарону ҷавонписарони осебпазир, ба кўмаки равонї ва машваратии хизматрасониҳои хайрхоҳона ба ҷавонони вилояти Суѓд»-ро амали намуда истодааст. Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи «Рушди наврасон ва иштироки иљтимоии онњо»-и Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ)  дар Тољикистон маблаѓгузорї шуда, аз љониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВМИ ЉТ) дастгирї ефтааст.

     

     

     

     

    25-уми июли с.2017, сешанбе,

    Намояндагии ташкилоти ҷамъиятии 

    “Насли ҷавони Тоҷикистон” дар ш.Хуҷанди

    вилояти Суѓд (НТЉ “НЉТ”).

     

    РЕЗА-АХБОР

    Аз моҳи августи соли 2016 НТЉ “НЉТ” лоиҳаи «Беҳтар намудани дастрасии наврасон, хусусан ҷавондухтарону ҷавонписарони осебпазир, ба кўмаки равонї ва машваратии хизматрасониҳои хайрхоҳона ба ҷавонони вилояти Суѓд»-ро амали намуда истодааст. Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи «Рушди наврасон ва иштироки иљтимоии онњо»-и Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ)  дар Тољикистон маблаѓгузорї шуда, аз љониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВМИ ЉТ) дастгирї ефтааст.

    Фаъолияти асосии лоиҳа, аз баланд бардоштани сатњи маълумотнокии наврасони синни 12-19 сола дар шаҳрҳои Исфара, Панљакент, Хуљанд ва ноҳияи Б. Ѓафуров оиди хизматрасонињои шўъбаи тиббї-машваратии љавонон (ШТМЉ) иборат буд. Наврасоне, ки дар ҳолати бўҳрони қарор доштанд, тавассути кормандони саҳрої ба ШТМЉ ва дигар ташкилотњои хизматрасон сафарбар ва ҳамроҳї карда шуданд. Дар баробари ин, аз тарафи мутахассисони ташкилотњои номбурда ба наврасон кўмак ва  машварати равонї расонида шуд.

    Пас аз оғози лоиҳа, вохуриҳо бо намояндагони Њукумат дар ноҳияҳои озмоишї баргузор шуда буд. Бањри васеъ кардани дастрасии наврасони осебпазир ба хизматрасонињои равонї, тиббї ва иљтимої, беш аз 25 мусоҳиба бо ташкилотҳое, ки бо наврасон корбарї мекунанд, гузаронида шуд. Њамзамон, љаласаи «Гурўњи кории байниидоравї» бо иштироки 50 намояндагони ВМИ ЉТ, раёсатњо ва шўъбањои маориф, тандурустї ва њифзи иљтимої, кор бо љавонон, занон ва оила, ноболиғон, комиссия оиди ҳуқуқи кўдак, ташкилотҳои љамъиятї ва ВАО баргузор шуда буд.

    Дар доираи лоиҳа 10 нафар кормандони саҳрої омўзонида шуда, оиди тарѓибу ташвиќи хизматрасониҳои ШТМҶ байни наврасон маълумотнок гардонида шуданд. Дар натиљаи фаъолияти онњо ба 1697 наврасон хизмат расонида шуд, ки аз ин шумора 800 нафар писарон ва 897 нафарро духтарон ташкил намуданд.

    Наврасони ба ёрии мутахассисон ниёз дошта, ба ШТМҶ ва дигар шўъбањои дахлдор, равона карда шуданд. Дар маљмўъ 2570 наврасон сафарбар ва њамроњї карда шуданд (аз он 1136 нафар писарон ва 1434 нафар духтарон).

    Бо маќсади баланд бардоштани тахассуси 25 нафар мутахассисони ШТМҶ, корманди саҳрої ва дигар шўъбаҳои дахлдор омўзиш (тренинг) баргузор карда шуд. Инчунин, бањри муколамаи наврасон бо мутахассисон, 22 нишастҳои мунозиравї дар мактабҳо баргузор шуда буданд. Беш аз 580 наврасон љалб гардиданд, ки (аз он 258 нафар писарон ва 322 нафар духтарон мебошанд). Дар љамъи он, 39 вохўрии гурўҳи

     

    терапевти бо мутахассисони ШТМҶ гузаронида шуда, 536 наврасон љалб карда шуданд (аз он 206 нафар писарон ва 330 нафар духтарон).

    Њамзамон, беш аз 16 вохўрињо аз чониби кормандони саҳрої ва мутахассисони ШТМҶ дар мактабҳо баргузор гардиданд, ки дар онњо 677 нафар наврасон иштирок (аз он 324 нафар писарон ва 353 нафар духтарон) варзиданд. Дар ин вохўриҳо мутахассисони ШТМҶ ва кормандони саҳрої атрофи мавзўњо доир ба тарзи хаёти солим, мусби њал намудани њолатњои бањснок байни њамсолон ва дар оила, худидоракунї њангоми њолатњои бўњронї, дастгирї ва ѓамхорї ба њамдигар, хизматрасонињои ШТМҶ ва дигар сохторњои дахлдор мулоќот гузарониданд.

    Дар натиљаи њамаи ин чорабиниҳо, 5929 нафар наврасон љалб карда шудаанд.

    Барои васеъ кардани сатњи огоњї оиди хизматрасониҳои ШТМҶ, наворњои рекламавии радиої ва видеої тайёр карда шуда, ба наздикї, тавассути ширкатњои радиову телевизиони мањаллї ва шабакањои иљтимої дар шањру ноњияњои лоињавї интиќол мегарданд.

    Санањои 17, 20, 25 ва 27  июли соли равон дар шаҳрҳои Панљакент, Б.Ѓафуров Исфара ва Хуљанди вилояти Суѓд љаласањои “Гурўњи кории байниидоравӣ баргузор мегарданд. Дар чорабинии мазкур намояндагони ВМИ ЉТ, раёсатњо ва шўъбањои маориф, тандурустї ва њифзи иљтимої, кор бо љавонон, занон ва оила, кор бо ноболиғон, комиссия оиди ҳуқуқи кўдак, ташкилотҳои љамъиятї, ВАО ва дигар сохторҳои дахлдори самти пешгирии њодисањои номатлуб, хусусан пайдошавии њолати бўҳронї дар байни наврасону љавонон фаъолият мекарда, ширкат меварзанд. Дар љаласањои мазкур атрофи натиљаҳои ба даст овардаи лоиҳа ва идомаи пешкаш намудани хизматрасонињо дар њамбастагии тамоми ташкилотњои аъзои шабака ба наврасони дар холати бўҳронї қарор дошта, мусоњибаву мубодилаи афкор ташкил карда мешавад. Чунончї, танњо дар њамҷоягӣ,  ҷонибҳои дахлдор метавонанд барои бартараф намудани тамоми мушкилоти ҳаёти наврасону љавонон, саҳми худро гузоранд.

     

    Барои гирифтани маълумоти иловагї ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

    735700,  ҶТ, ш. Хуҷанд, квартали  Бофанда, к. Текстилшикҳо

    тел. (+992 3422) 41212, 927748613

    Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript | www.ygt.tj

    Интересная статья? Поделись ей с другими:

    Добавить комментарий

    Комментарий не проверен


    Защитный код
    Обновить

    Просмотры материалов : 717803
    Сейчас 97 гостей онлайн