Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     

    ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТЕНДЕР

     

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» тендер оид ба дизайн ва чоп намудани маводҳои иттилоотиро эълон менамояд.

     

    Сана: 07/01/2018 с.

    Мӯҳлати ниҳоии супоридани пешниҳод: 15/01/2018с. то 17:00.

    Мӯҳтарам хонумон ва ҷанобон:

     

    Шуморо барои иштирок дар тендер оид ба дизайн ва чоп намудани маводҳои иттилоолтӣ (1000 адад) даъват менамоем. Лутфан пешниҳодҳои худро (нархнома ва шаблон) оид ба дизайн ва чоп намудани паёмҳо дар шакли тақвим, варақа ва овезаҳо пешниҳод намоед.

    Шумо метавонед пешниҳоди тиҷоратии худро тавасути почтаи электронӣ Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript  ва ё дар шакли лифофа мӯҳр намуда ирсол намоед. Пешниҳод то 15/01/2018, то соати 17:00 қабул карда мешавад.  Дар рӯи лифофа маълумоти зерин нишон дода шавад: рақами дархост, санаи супоридан ва номи супоранда. Агар дархост ба почтаи электронӣ равон карда шавад бояд дар қисмати «мавзӯъ»-и мактуб рақами дархост нависта шавад.

    Ҳамаи пешниҳодҳо бояд имзо шуда мӯҳр дошта бошанд. Нархномаҳои бе имзо ва бе мӯҳр, инчунин нархномаҳое, ки дер пешниҳод мешаванд, бо таври автоматӣ хориҷ мешаванд. Агар дар почта ҳангоми ирсоли ҳуҷҷатҳои тендерӣ ҳолати таъхир сар занад ё тартиботи дар боло зикр шуда иҷро нашавад ТҶҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» масъулиятро ба дӯш намегирад.

    Қабл аз пешниҳоди тиҷоратӣ ҳамаи довталабон метавонанд матни паёмҳоро, ки дар тақвим, варақа ва овезаҳо бояд дизайн ва истифода шаванд, дархост карда бо он шинос шаванд. 

    Ҳамаи пешниҳодҳо бояд ба идораи марказии ТҶҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» ба суроғаи: 734003, ҶТ, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯч. Раҳмон Набиев, 71 ё таввасути почтаи электронӣ ба Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript   на дертар аз 15 январи соли 2018, то анҷоми рӯзи корӣ, расонида шаванд. Телефонҳо барои тамос: (+992) 937977572, 938010088, 937057571

    Интересная статья? Поделись ей с другими:

    Add comment

    Комментарий не проверен


    Security code
    Refresh

    Просмотры материалов : 907397
    Сейчас 57 гостей онлайн