Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik
     

     
     

     

     

     

    РЕЗА АХБОР

     

    01декабри соли  2017, ҷумъа,
                         
    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии 
                       
    «Насли ҷавони Тоҷикистон» (ТҶҶ «НҶТ»)

     

     

    «Дастовардҳои мо оиди тақвият бахшидан ба бехатарии ҳаракат дар роҳ »

    Бо мақсади тақвият додани огоҳии шаҳрвандон оид ба бехатарии ҳаракат дар   роҳ, Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» (ТҶҶ «НҶТ»), дар доираи лоиҳаи “Маъракаи иттилоотӣ оид ба истифодаи тасмаи бехатарӣ ва идоракунии экологии нақлиёт” ва ҳамбастагӣ бо ҳамшарикону маблағгузорони лоиҳа, Иттиҳоди Шарқии Нақлиёти Бехавф ва Устувор, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР), ва ҳамчунин ҶДММ «Форекс», баҳри ташвиқи бартарияти истифодаи тасмаи бехатарӣ ва идоракунии экологии нақлиёт, инчунин сарфа намудани сӯзишворӣ ва ҳифзи муҳити зист маъракаи иттилоотиро оғоз намуд.


    Дар доираи ин лоиҳа ду овезаи калон дар мавзӯи тасмаи бехатарӣ: «Худ ва азизонатонро бо тасмаи бехатарӣ васл кунед», «Нишинаи махсус гарави бехатарии кӯдакон аст» ва як овеза дар мавзӯи идоракунии экологии нақлиёт: «Суръатро паст карда, пулро сарфа ва зиндагиро нигоҳ доред», инчунин се овезаҳои хурд (ситиборд) низ дар ҳамин мавзуъҳо тайёр карда шуданд. Маводҳои тайёршуда бо  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии (МИҲД) ш.Душанбе ва РБДА ВКД ҶТ мувофиқа карда шуда, айни замон ин овезаҳо дар хиёбону кӯчаҳои С.Шерозӣ, Сино ва назди бозори «Корвон», инчунин овезаҳои хурд дар купруки кӯчаи И.Сомонӣ, ҷойгир карда шудаанд. Чунин овезаҳо  дар роҳҳои автомобилгарди самти Душанбе: шаҳри  Ваҳдат (назди автовокзал), ноҳияи Ҳисор (даромад ба шаҳр), ноҳияи Варзоб, дар километри 21,8 ва  ноҳияи Рудакӣ (роҳи шаҳраки Сомониён-Душанбе), ҷойгир карда шуданд.  

              Маъракаи иттилоотӣ дар давоми панҷ моҳ идома хоҳад ёфт.

            

                  Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

     

     

                                              734003, ҶТ, ш. Душанбе, кӯчаи Р.Набиев 71,

                       тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 937577572 +992 37 8817572

    Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

                                                                          # # #

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 1155314
    Сейчас 41 гостей онлайн