Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     
     
     
     
     
     

     

    РЕЗА АХБОР

    02 феврали соли 2018,ҷумъа.

    Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)

    Иттиҳоди Шарқӣ оид ба Нақлиёти Бехавф ва Устувор (ИШНБУ)

    Ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» (НҶТ)

     

    Эко-драйвинг, ин усули нави идоракунии бошууронаи автомобил  мебошад.

       Санаҳои баргузории тренингҳои эко- драйвинг: 14- декабри с. 2017,  13  ва  19 январи с.2018

     Макони баргузоӣ: корхонаи коммуналии воҳиди давлатии (ККВД) «Автобус-1», воқеъ дар кӯчаи Варзишгарон, 5, (ККВД) “Муҳаммадчон Д” ва ҶДММ  Холдинги “Осиё Экспресс”

    Дар доираи лоиҳаи «Маъракаи иттилоотӣ оид ба истифодаи тасмаи бехатарӣ ва идоракунии экологии нақлиёт дар ш.Душанбе рӯзҳои 14.12.с.2017,13.01 ва 19.01 с.2018 бо иштироки ронандаҳои муассисаҳои нақлиётӣ яъне Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1”, (ККВД) “Муҳаммадчон Д” ва ЧДММ  Холдинги “Осиё Экспресс” ҷаласаи идоракунии экологии нақлиёт доир гардид. Мақсади асосии ин ҷаласаҳо баррасӣ намудани нақши мусбии эко драйвинг дар кам намудани хуруҷи маводҳои зараровар аз нақлиёт бо ҳадафи ҳифз намудани муҳити зист ва кам намудани вобастагии  Тоҷикистон ба маводи сӯзишворӣ ва ҳамзамон сарфи маблағ барои хариди сӯзишворӣ аз тарафи истифодабарандагони нақлиёти автомобилӣ мебошад. 

    Қайд кардан ҷоиз аст ки иштирокчиён аҳамияти идоракунии экологии нақлиётро дарк карданд ва дар муҳокимарониҳо фаъолона иштирок намуданд. Ҳамчунин роҳбари муассисаи нақлиётӣ изҳор намуд, ки онҳо мехоҳанд барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши ронандагон  омӯзиш оиди истифодабарии Тасмаи бехатари аз тарафи ташкилоти мо гузаронида шавад. Дар се семинар дар маҷмӯъ зиёда аз  70 нафар иштирок намуданд.

    Масъалаҳои асосӣ, ки дар семинар баррасӣ шуданд, ин моҳияти идоракунии экологии нақлиёт, пешгирии хуруҷи газҳои зараровар ба муҳити зист ва сарфаи сӯзишворӣ буданд.

    Иштирокчиён ба ташкилкунандагони ин ҷаласаҳо изҳори миннатдорӣ карда, иброз намуданд, ки оид ба манфиати идоракунии экологии нақлиёт, дар кам кардани хуруҷи маводҳои зараровар ва сарфаи маблағ, маълумоти муфассал гирифтанд.

    Чорабинии дигари ҳафтаи гузашта, ин вохӯрӣ,  бо ронандагони Маршруткаҳо дар хатсайри 11 ва 28 ва ронандагони таксиҳо  дар кӯчаҳои Раҳмон Набиев ва Ҷомии шаҳри Душанбе буд. Намояндагони ТҶ "НЧТ" якҷоя бо ихтиёриён дар байни ронандаҳо зиёда аз 100 варақаҳоро паҳн намуданд.  26 нафар ронанда барои гирифтани иттилоот дар ин мазуъ тавассути смс-паёмакҳо розигии худро доданд.

    Интересная статья? Поделись ей с другими:

    Добавить комментарий

    Комментарий не проверен


    Защитный код
    Обновить

    Просмотры материалов : 804905
    Сейчас 23 гостей онлайн