Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

                                                    


     

     

     

     

     

      РЕЗА АХБОР

    02 феврали соли 2018, ҷумъа.

    Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)

    Иттиҳоди Шарқӣ оид ба Нақлиёти Бехавф ва Устувор (ИШНБУ)

    Ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» (НҶТ)

     

    Иттилоотнокии аҳолӣ оид ба  истифодаи тасмаи бехатарӣ баланд мешавад.

     Дар доираи лоиҳаи «Маъракаи иттилоотӣ оид ба истифодаи тасмаи бехатарӣ ва идоракунии экологии нақлиёт дар ш.Душанбе» аз ҷониби ТҶ "НҶT" пурсиши афгори умум гузаронида шуд. Пурсиши мазкур дар охири  моҳи декабри соли 2017 ва аввали моҳи январи соли 2018 доир гардид.

    Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ, ин муайян намудани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба маъракаҳои иттилоотӣ тибқи овезаҳои рекламавии калон ва хурд (билбордҳо ва ситибордҳо), тариқи радио, телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд.

              Вазифаҳои асосии пурсиш ин:

    ·                    омӯхтани мусоҳибон;

    ·                    баҳодиҳӣ ба сатҳи огоҳии онҳо.

    Мусоҳиба дар кӯчаҳои асосии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе (Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур) баргузор гардид.

    Аз натиҷаҳои пурсиш маълум гардид ки, аз ҳар 100 нафари пурсидашуда:

    Дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи И.Сомонӣ 80%, дар кӯчаи А.Синои ноҳияи Сино 72%, дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур 62% ва дар кӯчаи Н.Қаробоеви ноҳияи Фирдавсӣ 66%,   оид ба  маъракаи иттилоотӣ огаҳӣ доштанд, ин нишондод дар маҷмӯъ дар ш.Душанбе  70% -ро ташкил дод.

    Аз руи намуди манбаъҳои иттилоотӣ бошад,  Рекламаи беруна дар ҷои аввал, дар ҷои дуюум радио ва ҷои сеюмро телевизион ташкил медиҳад.

    Гурӯҳҳои синну солӣ низ як омили муҳими пурсиш ба ҳисоб мераванд. Тибқи тадқиқоти мо, қисми асосии мусоҳибонро ҷавонони синни аз 16 то 25 сола ташкил медиҳанд.  

    Тадқиқот инчунин аз тарафи ширкати рекламавӣ ҶДММ “Форекс” ки ҳамшарики ТҶ "НҶT, дар тадбиқи лоиҳаи мазкур ба ҳисоб меравад ва пахши наворҳоро дар телевизион ва радиоро ба ӯҳда дорад, гузаронида шуд. Тадқиқот нишон дод, ки фарогирӣ дар радио 98%  ва  дар телевизион 98,7%-ро дар саросари Тоҷикистон ташкил медиҳад.

    Маъракаи иттилоотӣ то моҳи марти соли равон идома меёбад.

    Интересная статья? Поделись ей с другими:

    Add comment

    Комментарий не проверен


    Security code
    Refresh

    Content View Hits : 804906
    We have 24 guests online