Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     

    РЕЗА АХБОР

     

    29 ноябри соли  2017, чоршанбе,
                         
    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии 
                       
    «Насли ҷавони Тоҷикистон» (ТҶҶ «НҶТ»)       

     

    «ИДОМАИ ҲАМКОРИИ БОБАРОР»

    Бо изҳори қаноатмандӣ метавон ҳамкории ташкилоти байналмилалии “Кӯмак ҳангоми сухтор” ва ТҶҶ “НҶТ” – ро бо Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии(СХДО)  ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Таи чанд сол шуд, ки ин ташкилоти байналмилалӣ кӯмаки беғарази худро дар таъмин намудани хадамот бо нақлиёти оташнишонӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ирсол менамояд.

    Бо мақсади давом додани ин ҳамкориҳои зич ва бобарор ва ҳамзамон аз назар гузаронидани нақлиёт ва таҷҳизоте, ки як сол қабл ҳадя шудаанд, намояндагони ташкилоти мазкур Алфред Вилсон ва Рон Морлей ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Шуруъ аз 20 – уми ноябри соли ҷорӣ номбурдагон ҳамроҳ бо кормандони ТҶҶ “НҶТ” бо сардори СХДО ВКД ҶТ генерал Иброҳимзода Н. вохӯрӣ гузаронида буданд. Дар ҳамин вохӯрӣ ҷонибҳо  дар бобати истифодабарии таҷҳизот ва нақлиёти ҳадяшуда сӯҳбат карда нақшаҳои ояндаи ҳамкориро тарҳрезӣ намуданд. Яке аз масъалаҳои асосии ҳамкориҳои оянда ин мустаҳкамтар намудани ҳамоҳангии хадамотҳои ваколатдори давлатӣ дар расонидани  кӯмаки саривақтӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт мебошад.

    Бинобар ҳамин субҳи 23 - юми ноябри соли ҷорӣ дар бинои СХДО ВКД ҶТ  вохӯрии гуруҳи кории байнисоҳавӣ бо иштироки меҳмонон аз ташкилоти байналмилалии “Кӯмак ҳангоми сӯхтор”, намояндагони  хадамоти оташнишонӣ, РБДА ВКД ҶТ, Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва инчунин кормандони ТҶҶ “НҶТ” гузаронида шуд. Ҳадафи чорабинии мазкур баррасии фаъолияти ҳамҷоя ҳангоми ҳолатҳои фавқуллода  буда тарафҳо оиди сатҳи ин фаъолият изҳори назар намуданд. 

              Васеъ намудани минтақаи фаъолияти ҳамҷоя яке аз ҳадафҳои вохӯрии байнисоҳавӣ ба ҳисоб мерафт. Бо ин мақсад 24 - уми ноябри соли ҷорӣ ҳамроҳ бо муовини  Сардори СХДО ВКД ҶТ  Салоҳидинзода Қутбиддин ва намояндаи ташкилоти байналмилалии “Кӯмак ҳангоми сӯхтор” Рон Морлей, кормандони ТҶҶ “НҶТ” аз ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон - Шаҳритуз ва Носири Хусрав дидан намуданд. Мақсади сафар  шиносоӣ бо се маркази сухторхомӯшкунии ноҳияҳои мазкур буда,  ҳамзамон вохӯриҳо бо кормандони ин нуқтаҳо амалӣ гардид. Зимни суҳбат Рон Морлей омодагии ташкилотро дар расонидани кӯмак ба ин нуқтаҳо иброз дошт ва афзуд ,ки ҳамкории ҷонибҳо дар оянда боз ҳам беҳтар рушд хоҳад ёфт.                    

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 1155376
    Сейчас 41 гостей онлайн