Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     

     

                                                                 РЕЗА АХБОР

    15 марти соли  2018,  душанбе,

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон»

    (ТҶҶ «НҶТ»)

    Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор (ИШНБУ).

     

    ЛИФОФАИ ЛАЪЛИМИИ “ИШНБУ” НАМУНАИ БЕҲТАРИНИ ОМӮЗИШИ ҚОЙДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ.

     

    Паст намудани шумораи ходисаҳои роҳу нақлиётӣ, ҳамчунин шумораи кӯдакони ҷабрдида, танҳо бо роҳи ташаккули рафтори бехатари кӯдакон ва наврасон дар роҳ имконпазир мебошад. Ҳаракат дар роҳ низ бояд ба тавре омӯзонида шавад то кӯдак ё наврас нуқоти асосии бехатариро дар хотир гирифта дуруст амал намояд. Бар асоси ин фикр, аз соли 2014 сар карда  ТҶҶ «НҶТ», дар доираи лоиҳаи “Беҳдошти бехатарии ҳаракат  дар роҳ, тавассути таҳсилот”  ва дастгирии Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор (ИШНБУ) бо мақсади: -Кам кардани вусъати паҳншавии ҷароҳатбардорӣ ва ба ҳалокат расидани кӯдакону наврасони то синни 16 сола, бар асари ҳодисаҳои роҳу нақлиёт (ҲРН), дар муассисаҳои таълимӣ ва боғачаҳои бачагонаи  интихобшудаи ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои ш.Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  лифофаи таълимии ИШНБУ   ҳамчун дастури ёрирасон барои омӯзонидани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  истифода шуд.

     

    Лифофаи ИШНБУ  намудҳои гуногуни чорабиниҳоро барои синну соли гуногун дар бар гирифта, пирнсипҳои калидии  ҳамаи супоришҳои  дар Лифофаҳои таълимӣ мавҷудбуда ин:

     

                  Фаҳмиши ҳаракат дар роҳ ва хатаре, ки  дар он ниҳон аст.

                  Рафтори хуб дар роҳ.

                  Интихоби рафтори дуруст ва бехавф, ки шумо ва атрофиёнатонро дар роҳ эмин нигоҳ медорад, мебошад.    

     

    Санаҳои 17 ва 24 уми феврали соли раволн барои бо лифофаи ИШНБУ шинос намудани омӯзгорони синфҳои ибтидоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии  (МТМУ) осебпазир (наздики роҳҳои мошингард) ноҳия ( № 91,60 , 101, 88, 33)     дар МТМУ №101 ва барои мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ва дар боғчаи бачагонаи №56   тренингҳо оид ба  омӯзиши  Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  гузаронида шуданд.  

    Дар тренингҳо   4 нафарӣ омӯзгорон аз  мактабҳои мазкур ва боғчаҳои “Чароғак”; ”Мукича”; “№137”; №156 ва № “Орзӯ”- и ноҳия  иштирок намуданд. Дар рафти тренинг омӯзгорон оид ба тарзҳои ҳифз намудани кӯдакон аз хатарҳои дар роҳ бавуҷудоянда, шиорҳои барои таблиғи бехатарии ҳаракат ва тарбияи рафтори бехавф дар роҳ дониш андӯхтанд. Онҳо дарк намуданд, ки дар кӯдакони хурдсол ташаккул додани  фаҳмиш, дарки хатарҳо ва рафтори бехатари онҳо дар роҳ, ки ин ду ҷиҳати муҳим дар давраи инкишофи  кӯдакон ба ҳисоб меравад.   

     Дониши иштирокчиён аз сатҳи базавӣ ба 20,4% баланд бардошта шуд.

     

                Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

                 тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 37 8817572

                                                           Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 994011
    Сейчас 36 гостей онлайн