тренинг
    Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     

    РЕЗА АХБОР

    .

    13 марта соли 2018,сешанбе.

    Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)

    Иттиҳоди Шарқӣ оид ба Нақлиёти Бехавф ва Устувор (ИШНБУ)

    Ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» (НҶТ)

     

     Омӯзиш дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

          Бо мақсади омӯзиш ва такмили ихтисоси омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон,(ДТТ) дар мавзӯи «Гузаронидани аудити бехатарӣ» барои омӯзгорони ДТТТ дар давраи аз 26 феврал то 6 марти соли 2018 омӯзиши 4-рӯза, ки ҳамагӣ 8 рӯз давом кард гузаронида шуд. Умуман, дар омӯзиш зиёда аз 30 нафар иштирок карданд.

    Тибқи барномаи таълим, тренерҳои байналмилалӣ Метю Чемберлен  ва Филип Ҷордан ба донишҷӯён, аспирпнтҳо ва омӯзгорони ДТТ дар бораи хусусиятҳои технологияи бехатарии роҳ, ҷорӣ намудани идоракунии пешгирии хавф дар роҳ, он барои чӣ ва  маҳз барои Тоҷикистон муҳим аст? Фаҳмидани мафҳуми минтақаи соф ва стратегияи идоракунии хатарҳо дар роҳҳо ва истифодаи дурусти монеаҳои муҳофизатӣ ва инчунин қадамҳои асосии аудит омӯзиш гузаронданд.

    Мутахассисон дар синфҳои амалӣ бо иштирокчиёни тренинг ба маҳалли аудити сафар намуда  ва дар охир ҳар як  гурӯҳ гузориш доданд.

    Дар охири чорабинӣ, муҳандисон ба ҳамаи саволҳо посух гирифтанд ва инчунин Сертификати омӯзишро соҳиб гардиданд.

    Ҳамчунин, дар доираи сафари худ номбурдаҳо ба ҷойҳои "нуқтаҳои сиёҳ" -и хиёбонҳои пойтахт шоҳрои Душанбе ва роҳи автомобилгарди Душанбе-Қурғонтеппа ба минтақаи Оби Шифо ташриф оварданд.

     

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 1063412
    Сейчас 45 гостей онлайн