Идоракунии экологии нақлиёт- Беҳдошти муҳити зист, дар ш.Душанбе:
    Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     

    Пост релиз

     

    21 майи соли 2018, душанбе,

    Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР),

    Иттиҳоди Шарқӣ оид ба Нақлиёти Бехавф ва Устувор (ИШНБУ),

    Ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» (НҶТ).

     

    Идоракунии экологии нақлиёт- Беҳдошти муҳити зист, дар ш.Душанбе:

     Дар Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ, назар ба энергетика ва саноат, дар маҷмуъ 13 маротиба бештар  партовҳо хориҷ мекунад. То соли 2030 боло рафтани миқдори CO2 (ду оксиди карбон) ба 80% пешгўӣ карда мешавад.

      Афзоиши СО2 сабабгори асосии тағйир ёфтани муҳити зист ба ҳисоб меравад. Яке аз роҳҳое, ки барои паст кардани партовҳои CO2 ба ронандаҳо кӯмак мекунанд ин идоракунии экологии нақлиёт (эко-драйвинг) мебошад.Он хеле бехатар аст.

    Бо дастгирии Фонди махсуси БАТР, ҳамшарикии ИШНБУ ва ТҶҶ «НҶТ» дар маъракаи баланд бардоштани иттилоотнокии аҳолӣ оид ба истифодаи тасмаи бехатарӣ дар Душанбе натиҷаҳои назаррас  ба даст оварда шуд.

    Гурӯҳҳои самтгир ошкор намуданд, ки аксари ронандагон мехоҳанд хароҷоти сӯзишвориро коҳиш диҳанд, вале намедонанд. Аксарияти онҳо дар бораи таъсири муҳити атроф дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карданд. Дар доираи маърака, паёмҳои эко-дравйинг дар кӯчаҳои Душанбе нишон дода шуданд ва курсҳои махсуси омӯзишӣ оид ба технологияи идоракунии экологӣ барои ронандагони касбӣ ва роҳбарони муассисахои нақлиётӣ гузаронда шудаанд.

    Маъракаи панҷмоҳа оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, муҳим будани бастани тасмаи бехатариро тавассути биллбордҳо ва лайтбоксҳо, ки ҳар рӯз тақрибан 293,000 воситаҳои нақлиёт ва шумораи зиёди пиёдагардон ҳангоми ҳаракат дар  роҳ,мушоҳида намудаанд, ин чунин зиёда аз 2,600 пахши телевизионӣ ва радиои, паёмҳои иҷтимоии ахбори омма ва паҳн кардани варақаҳо дар саросари шаҳрро дар бар гирифт.

    Курсҳои омӯзишии эко-драйвинг бо забони русӣ ва тоҷикӣ барои роҳбарони муассисаҳои нақлиётии шаҳри Душанбе ва гуруҳҳои ронандагон гузаронида шудаанд. Курсҳо бо ҷалби ширкатҳои асосии нақлиёти мусофирбар ва такси ва ронандагони маршруткаҳо дар шаҳр ташкил карда шуданд.

    Курсҳои омӯзишӣ барои ронандаҳо нишон дод, ки фарқияти эко-драйвинг метавонад дар истифодаи сӯзишворӣ калидӣ бошад. Он ба таври фаҳмо ба ронандаҳо расонида шуд ва дар бораи технологияи идоракунии экологӣ, ба монанди омодагии сафар; нигоҳдории автомобил; одатҳои ронандагӣ; маслиҳат дода шуд. Дар маҷмӯъ, омӯзиш ду-се соат бо дарназардошти  пурсиш  гузаронида шуд. Илова бар ин, варақаи «Идоракунии экологии нақлиёт» бо маслиҳатҳо барои ронандаҳо, иштироккунандагони курсҳо дастрас карда шуд.

     Дар маҷмӯъ, 146 ронандаи касбӣ ва менеҷерҳои техникӣ дар тренинги махсус иштирок намуданд

    ИШНБУ ба нақша гирифтааст, ки курсҳои кӯтоҳмуддатро ба модули таълимии онлайн ҳамчун як қисми платформаи омӯзиши электронии ИШНБУ ташкил намояд

     

     

    Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин метавонед муроҷиат намоед:

    734003, ҶТ, ш. Душанбе, кучаи Рахмон Набиев 71,

    тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 937577572 +992 37 8817572

    Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 1063422
    Сейчас 68 гостей онлайн