Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     

    РЕЗА АХБОР

    5сентябри соли  2018, чоршанбе,

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон»

    (ТҶҶ «НҶТ»)

     

    Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор (ИШНБУ).

     

     Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ, сатҳи дониши ҳамсолони худро  аз ҚҲР, дар макотиби ш.Душанбе баланд мебардоранд.

    Лоиҳаи «Беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳ тавассути таҳсилот-IV» дар н.Синои ш.Душанбе мақсад гузошта буд, ки суръати зиёдшавии ҷароҳатбардорӣ ва фавти кӯдакону ҷавонони то 30 соларо, бар асари Ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, ба сифати пиёдагард, мусофир ва ронанда, дар ноҳияи Сино ш.Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш диҳад, ба хотири он ки дар соли 2017, дар ноҳияи мазкур, зиёда аз  30 ҳодисаи роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ба қайд гирифта шуда буд.

     Тренингҳои омӯзишӣ оиди ҚҲР барои 20 нафар Нозирони навраси ҳаракат ҳамчун дастаи ихтиёрии мактаббачагон ва 5 омӯзгор-ҳамоҳангсоз, инчунин омӯзиш аз рӯи “Лифофаҳои таълимӣ дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ, барои синну соли аз 6 то 14 сола ”, ки аз ҷониби ИШНБУ тайёр карда шудааст, бо 20 нафар муаллимони синфҳои иибтидоии  МТМУ № 33, 60, 88, 91,101 ва  20 нафар мураббиёни бағчаҳои озмоишии н.Синои ш.Душанбе  гузаронида шуданд. Дар рафти татбиқи лоиҳа дар 10 мактаби қаблии озмоишии н.Фирдавсӣ низ сесияҳои иттилоотӣ оид ба омӯзиши ҚҲР гузаронида шуданд.   

     

    Малака ва донишеро, ки ННҲ дар рафти тренинг аз худ намудаанд, барояшон имкон дод, то тибқи “Дастур оид ба ташкили кори дастаи ННҲ” ва бо такя ба ақидаи “Ҳамсол ба ҳамсол” дар мактабҳои худ бо зиёда аз 2000 талаба сессияҳои иттилоотӣ гузаронида сатҳи дониши ҳамсолони худро то ба 18% аз ҚҲР афзоиш диҳанд. Бо ин роҳ сатҳи ҷароҳатбардорӣ дар роҳ, дар байни наврасон коҳиш ёфта рафтори наврасон  дар роҳҳои шаҳр ба рафтори бехатар табдил дода мешавад.

    Ғайр аз ин дар рафти татбиқи лоиҳа, дар байни 420 нафар ронандагон, мусофирон, пиёдагардон, волидон ва ҳамшарикон, оид ба риояи ҚҲР, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ гузаронида шуд.

    Нозирони наврас дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии СММ оид  бехатарии ҳаракат дар роҳ фаъолона ширкат варзида дар яке аз кӯчаҳои серҳаракати н.Синои ш.Душанбе иқдоми “Эй сорбон, оҳиста рон”-ро пойандозӣ намуданд ва ба ронандагон дар ин мавзуъ варақаҳои иттилоотии зиёдеро тақдим намуданд.

     Давомнокии лоиҳа: 7 моҳ(феврал-августи, 2018с.).

    Минтақаи ҷуғрофӣ: 5 МТМУ н.Сино ва 1 МТМУ н.Фирдавсӣ ш.Душанбеи ҶТ.

     

    Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

    тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 37 881757  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 1150905
    Сейчас 26 гостей онлайн