Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

    РЕЗА АХБОР

     

    18 январи соли 2019, Душанбе,

     

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон»

     

    ҶҶ «НҶТ»)

     

    «Тавсеаи дастрасии наврасон ба хизматрасониҳои ҳифзи солимӣ ва равонӣ»

                Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» Лоиҳаи «Тавсеаи дастрасии наврасон ба хизматрасониҳои ҳифзи солимӣ ва равонӣ» бо дастгирӣ ва маблащгузории Хазинаи кудакони СММ дар Тожикистон дар Вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи марказ ощоз намуд.

                Мақсади лоиҳа тақвият додани системаҳои дастгирӣ дар танзимоти саломатӣ ва таълимӣ барои хизматрасонӣ ба наврасон, ки ба эҳтиёҷоти мушаххаси духтарон ва писарон, махсусан аз ҳама ақидаҳои номатлуб ҷавоб медиҳанд, равона карда шудааст.

    Вазифаи мо, то соли 2020, барои духтарон ва писарони наврас, аз он ҷумла гуруҳҳои осебпазир, маҳорати зиндагии устуворро фароҳам оварда, то ки онҳо ҳамчун аъзоёни баробарҳуқуқи ҷомеа эътироф карда шуда, имконияти иштироки пурра дар ҳамаи ҷонибҳои ҳаётиро соҳиб гарданд.

    ТҶҶ «НҶТ» татбики лоиҳаи мазкурро сар аввал 14 январи соли ҷорӣ дар як катор МТМУ ва жамоатчигии деҳаҳои шаҳри Панжакент ощоз намуд. Тренинг оиди масъалаҳои дастрасии наврасон ба хизматрасониҳои ҳифзи солимӣ ва равонӣ ҳамчунин вохурӣ бо намояндаҳои кумитаҳои махаллӣ ва вохурии машваратӣ бо намояндаҳои соҳаи Ёрии аввалиндараҷаи санитарию тиббӣ гузаронида шуда минбаъд чунин омузишҳои фаъол дар Деваштич, Бобочон Щафуров, Исфара, Конибодом, Чаббор Расулов ҳачунин шаҳри Ваҳдат, Рудакӣ ва Ҳисори тобеи марказ гузаронида мешаванд.

    Малака ва донишеро, ки бачаҳо дар рафти тренинг аз худ менамоянд, барояшон имкон медиҳад бо такя ба ақидаи Ҳамсол ба ҳамсол” дар мактабҳои худ бо зиёда аз 5000 талаба сессияҳои иттилоотӣ гузаронида сатҳи дониши ҳамсолони худро афзоиш диҳанд. Бо ин роҳ сатҳи ҳолати буҳронӣ дар байни наврасон коҳиш хоҳад ёфт.

     Давомнокии лоиҳа: 12 моҳи (декабри 2

    018-ноябри, 2019с.).

    Минтақаи ҷуғрофӣ: Вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи марказ.

    Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

    Ташкилоти ҷамъиятии "Насли ҷавони Тоҷикистон"

    734003, ҶТ, ш.Душанбе, н.Сино, куч. Рахмон Набиев, 71

    тел.: 992 44 6205921; 992 44 6206146, 992 37 881757  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

    Намояндагии дар ш. Хуҷанд, вилояти Суғд 
     735700,
    ҶТ, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, квартал Бофанда, куч.Текстилшиков
    тел.кори: (992 3422) 41212

     

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 1292455
    Сейчас 18 гостей онлайн