Рейтинг пользователей: / 0
ХудшийЛучший 

 

РЕЗААХБОР

                                                                                                      

19 декабри соли 2014, Ҷумъа,

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии

«Насли ҷавони Тоҷикистон» (НҶТ).

                

Дар шаҳри Ваҳдат мувофиқи омори соли 2012 танҳо 32,6% ањолї ба оби тозаи ошомидани дастраси доранд. Инчунин аз сабаби паст будани вазъи санитарию гигиени аз шумораи умумии ба бемориҳои сирояти гирифтор шудагон 79% кӯдакону наврасони то 14 мебошанд.

  19 – уми декабри 2014 сол дар Коҳи «Маърифат»-и шаҳри Ваҳдат  бо ташаббуси НҶТ оиди оғози лоиҳаи «Обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена дар мактабҳо ва тавассути мактабҳо» нишасти матбуотӣ ва миззи мудаввар баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 50 нафар намояндагон; аз он љумла кормандони Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ш.Ваҳдат, Раёсати маориф, Идораи беҳдошти замин ва оббиёрии ш. Ваҳдат,  Бахши кор бо ҷавонон, Маркази давлатии санитарию гигиении шаҳри Ваҳдат, директорони Мактабњои тањсилоти, раисони Ассотсиатсияи волидон ва омузгорон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятию Васоити ахбори омма иштирок карданд.

Ба иштирокчиён маълумот оиди фаъолияти НҶТ дода шуд. Инчунин оиди «Ҳолати обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан дар ш.Вањдат», «Ҳуқуқ ба тандурустӣ, об ва санитария. Шарҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ ва миллӣ», «Бартариятҳои беҳдошти санитария ва гигиена дар мактабҳо, махсусан барои занон ва духтарон. Тафсири тавсияҳо ва таҷрибаи пешқадам» ва лоињаи «Обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена дар мактабҳо ва тавассути мактабҳо» маълумот дода шуд.

Барои њамљоя ба амал тадбиќ намудани лоињаи мазкур байни њамкорони асосии лоиња Созишнома ба имзо расонида шуд.

Иштирокчиёни миззи  мудаввар боварии комил  ҳосил  намуданд, ки баъди амалӣ гаштани лоиҳаи дар боло зикр шуда сатҳи некӯаҳволии аҳолї ва саломатии кӯдакону наврасони дењањои Зардолу ва Найдараи ш.Вањдати ЉТ бењтар мегардад.

 

Барои  маълумоти иловагӣ ба Сарвари иҷроияи НҶТ Наимҷон Мирзораҳимов мурољиат намоед:

 

734003, ЉТ, Душанбе, Хиёбони Рӯдакӣ 112, утоқи 7,

тел.корӣ: +992 44 6205921, +992 37 8807572, +992 37 8817572;

info@ygt.tj|www.ygt.tj